бақайдкунии
худкори ба парвоз

Хидматро фаъол кунед ва бидуни навбат сафар кунед
Услуга автоматической регистрации на рейс

Хидмати бақайдгирии худкор ба парвоз

Хидмат дар парвозҳои мунтазами Ширкати ҳавопаймоӣ аз рӯи масирҳои ФР дастрас аст.

Арзиши хидмат – 250 рубл барои як мусофир.

Бояд талони савории чопшударо ҳамроҳи худ дошта бошед.

Расмиёти хидмат дар сайти Ширкати ҳавопаймоӣ анҷом дода мешавад:

  • Хидмат интихоби ройгони ҷойро дар бар намегирад, ҷой ба таври худкор аз ҷониби система таъин карда мешавад.
  • Хидмат ба фармоише ки на дертар аз 24 соат пеш аз парвоз расмӣ карда шудааст, ба расмият дароварда мешавад.
  • Хидмат ҳангоми дар банд (бронь) нишон додани тамоми маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (рақам, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ ва ғайра), яъне авторизатсия ва танҳо ҳангоми мавҷуд будани суроғаи электронӣ пешниҳод карда мешавад.
  • Хидмат ба ҳамаи мусофирони дохили банд (бронь) паҳн мешавад, ЕМД барои ҳар як мусофир расмӣ карда мешавад.
  • Хидмат барои парвозҳои трансферӣ ва барои мусофироне ки ремаркаҳо доранд (PETC, WCHC, WEAP, DEAF ва ғайра, ки бақайдгирии онлайнашон маҳдуд аст), дастрас нест.

Қоидаҳои расмиёти хидмат.

Далели расонидани хидмат фиристодани талони савор ба суроғаи электронии дар фармоиш нишондодашуда на дертар аз 20 соат пеш аз парвоз мебошад.

Агар ба касе аз фармоиш хидмат бо сабаби дар боло зикршуда пешниҳод нашавад – он ба ҳеҷ кас аз фармоиш пешниҳод намешавад.

Баргардонидани ихтиёрии хидмати истифоданашуда манъ аст, ба истиснои ҳолати бекор кардани парвоз.

Пардохт фавран пас аз интихоби хидмат анҷом дода мешавад.

Пардохт бо бонусҳо иҷозат дода намешавад.

Ҳангоми расмиёти хидмат мусофир бояд бо рӯйхати ашё ва моддаҳое ки ба интиқол дар болои ҳавопаймо дар бағоҷ, бори дастӣ ва дар ашёи шахсӣ манъ карда шудаанд, шинос шавад.

Дар сурате ки ба банд (бронь) тағйиротҳои марбут ба вақт ва/ё санаи парвоз, инчунин рақами парвоз ворид карда шуда бошанд, хидмат расонида намешавад. Баргардонидани маблағ аз рӯи муроҷиати мусофир анҷом дода мешавад.