Обмен билетов
Қоидаҳои маҳдудияти иваз кардани чиптаҳо
Чиптаро дар бахши «Идоракунии брон» иваз кардан мумкин аст.
Нархи чипта ва хизматҳо
Ҳангоми ивази чипта, нархи парвоз, хизматҳои иловагӣ ва пардохтҳо аз нав ҳисоб карда мешаванд. Ин ба шартҳои тарифе, ки дар чиптаи шумо зикр шудааст, вобаста аст. Яъне, нархи ниҳоии иваз метавонад аз маблағе, ки шумо аввал пардохтаед, фарқ кунад.
Бекор кардани чипта ва хизматҳои кӯҳна
Пас аз тасдиқи иваз, авиачиптаи кӯҳнаи шумо дигар эътибор надорад. Ҳамаи хизматҳое, ки бо он расмиёт карда будед, автоматӣ бекор карда мешаванд.
- Агар шумо ғизо дар борт пардохта будед, пули он танҳо дар сурате баргардонида мешавад, ки иваз на дертар аз 36 соат пеш аз парвоз анҷом дода шавад.
- Агар дигар хизматҳои иловагӣ (масалан, интихоби курсӣ, бағоҷ ва ғайра) пардохта шуда бошанд, баргардонидани маблағи онҳо танҳо дар сурате имконпазир аст, ки иваз на дертар аз 24 соат пеш аз парвоз гузаронида шавад.
Баргардониди маблағ
Маблағи хизматҳое, ки бояд баргардонида шаванд, ба ҳамон корти банкӣ, ки бо он чиптаро пардохтаед, гузаронида мешавад. Мӯҳлати баргардонид метавонад то 30 рӯзи корӣ бошад.